Бордюжа: Тоҷикистону СААД ба пешгирии ҳама гуна кӯшишҳои ноамн сохтани вазъ имкон доранд



Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯйдодҳои ахир дар минтақаи шимоли Афғонистон, дар вилояти Қундузи ин кишварро шарҳу тавзеҳ дод.

«Мо вазъи мавҷударо пайгирӣ дорем. Тибқи маълумоти мавҷуда, дарвоқеъ ҳам ҷангиёни «Толибон рӯзи 29 сентябр шаҳри Қундузро тасарруф намуданд. Артиши Афғонистон амалиёти озод кардани шаҳрро оғоз намуда, айни замон тибқи маълумоти ҳукумати расмӣ, шаҳр «аз террористон поккорӣ шудааст», – гуфтааст Бордюжа.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД,  Бордюжа гуфтааст, «чунин амали террористон гувоҳи омодагии пешвоёни онҳо ба амалҳои бузргумиқёси низомӣ буда, бешубҳа боиси нигаронии Созмон мебошад».

«Мо аз тамоили хатарноки ҷараёни рӯйдодҳо бевосита дар наздикии марзи кишварҳои узви СААД, ҳамагӣ 70 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистон беҳад нигаронем ва онро ҳамчун хатари воқеъӣ барои суботу амни минтақа арзёбӣ менамоем», – таъкид доштааст дабири кулли СААД.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки размоишҳои қаблии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмон нишон доданд, ки Тоҷикистону СААД барои таъмини дахлнопазирӣ ва ҳифзи марзҳо ва дар сурати зарурат пешгирии ҳам гуна кӯшишҳои ноамн сохтани вазъ дар минтақаи таҳти масъулияи Созмон қарордошта аз тамоми имконоту захираҳои зарурӣ бархӯрдоранд.

spot_imgspot_img

Популярное