Русия ба Тоҷикистон чархболҳои зарбазан интиқол медиҳад

Аз Вазорати мудофиаи Русия ба хабаргузории «Интерфакс»   итттилоъ додаанд, ки имконоти ҷангии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо авиатсияи чархболҳо пурзӯр карда мешавад. Намояндаи расмии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ полковник Ярослав Рошупкин рӯзи 7 сентябр дар ин робита изҳор доштааст, ки Русия ба пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ интиқол медиҳад. […]

ASIA-Plus



Аз Вазорати мудофиаи Русия ба хабаргузории


«Интерфакс»


  итттилоъ додаанд, ки имконоти ҷангии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо авиатсияи чархболҳо пурзӯр карда мешавад.

Намояндаи расмии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ полковник Ярослав Рошупкин рӯзи 7 сентябр дар ин робита изҳор доштааст, ки Русия ба пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ интиқол медиҳад.

«Гуруҳи авиатсионии ташкилшуда дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, фурудгоҳи Айнӣ, 30 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Ба ҳайати ин гурӯҳ чарболҳои зарбазани Ми-24П ва чархболҳои нақлиётиу ҷангии Ми-8МТВ дохиланд», – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Рошупкин, ин чархболҳо ба ҳамлу нақли бору маҳсулот, таъмини ҳимояи қатораҳои воҳидҳои низомӣ, партоби десант, гузоштани монеъаҳои минаву таркишот, ба ҷойи бехавф кӯчонидани беморону маҷрӯҳон ва иктишофи муҳандисиву ҳавоии маҳал машғул хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.