Собиқ раиси ҶСП «Фононбонк» ба ҳабс гирифта шуд

Собиқ раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аст, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси бонк на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи собиқ муовини […]

ASIA-Plus



Собиқ раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аст, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси бонк на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон – ҲНИТ ҳабс шудааст.

Саидумар Ҳусайнӣ чун боз беш аз 20 нафар роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ аз нимаи моҳи сентябр боздошт шуда, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар яке кишварҳои хориҷи дур қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябри соли 2015 Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи террористӣ эътироф шудани ҲНИТ-ро

қонеъ намуда

, фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистонро манъ кард.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ

маъмурияти муваққатӣ таъин кард.

Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.

«Раёсати БМТ мутобиқи моддаҳои 49 ва 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 2 октябри соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати се моҳ таъин намуд», – иттилоъ дода будхадамоти матбуоти БМТ.

Мувофиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.

Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.