Иштироки беш аз 30 намояндаи ширкатҳои Эрон дар форуми тиҷоратии «Душанбе-2015»

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода бо роҳбари Палатаи савдо, саноат, конҳои маъдан ва кишоварзии Эрон Муҳсин Ҷалолпур рӯзи 6 октябр дар Теҳрон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили таҳким ва рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода бо роҳбари Палатаи савдо, саноат, конҳои маъдан ва кишоварзии Эрон Муҳсин Ҷалолпур рӯзи 6 октябр дар Теҳрон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили таҳким ва рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар намуданд.

Сафир қайд кард, ки санаи 14 октябр дар Душанбе Форуми байнулмилалии тиҷоратии «Душанбе-2015 доир мегардад, ки дар кори он иштироки шахсони воломақоми Тоҷикистон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байнгулмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҳайати Эрон низ дар ин форум ширкат хоҳад варзид.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ин робита қайд мекунанд, ки то имрӯз иштироки худ дар кори форуми «Душанбе-2015»-ро беш аз 30 нафар намояндагони ширкатҳои маъруфи Эрон ва тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни ин кишвар тасдиқ кардаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Эрон ҳудуди 118 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 қариб 25% камтар аст. Ҳаҷми маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Эрон содиротшуда дар ин давра беш аз 33,2 млн. доллари ИМА ва маҳсулоти аз Эрон ба Тоҷикистон воридшуда дар ин давра зиёда аз 84,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.