Воридоти беш аз 120,2 млн. $ ба буҷет аз ҳисоби туризм

Дар зарфи 9 моҳи соли 2015 ҳудуди 275 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 240,5 ҳазор нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ гардидаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, даромади умумӣ ба буҷети давлатӣ аз ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар ин давра 120 млн. 283 ҳазор […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 9 моҳи соли 2015 ҳудуди 275 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 240,5 ҳазор нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ гардидаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, даромади умумӣ ба буҷети давлатӣ аз ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар ин давра 120 млн. 283 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта 166,1 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, даромади умумӣ ба буҷет 83 млн. 92,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Нишондиҳандаи беҳтарин аз рӯи шумори сайёҳони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон боздид намудаанд, соли 2012 ба қайд гирифта шуда, дар давраи тамоми ин сол 244 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Дар Кумита мутмаинанд, ки дар соли ҷорӣ нишондиҳандаи ташрифоти сайёҳон ба кишвар баландтарин нишондиҳандаро ташкил хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.