ИМА манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ хостааст, қазияи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба шеваи одилона ва шаффоф ҳал намояд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, дар сафорати ИМА муътақиданд, ки  тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фурӯ […]

ASIA-Plus



Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ хостааст, қазияи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба шеваи одилона ва шаффоф ҳал намояд. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, дар сафорати ИМА муътақиданд, ки  тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фурӯ менишонад.

Дар сафорат изҳор доштаанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои гуногун бахши муҳими як ҷомеаи солим ва босубот ба шумор рафта, таъқиби мухолифон танҳо рушди ифротгароиро суръат мебахшад: «Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд, ғолибан барои ибрози назарашон аз роҳҳои манфӣ кор мегиранд».

Намояндагии дипломатии ИМА ҳукумати Тоҷикистонро ба тафтиши одилона ва шаффофи қазияи ҲНИТ даъват карда, таъкид доштааст: «Мо қазияи 4-уми сентябрро маҳкум мекунем ва манофеи қонунии ҳукуматро дар супурдани ҷинояткорон ба дасти адолат дарк мекунем. Бо вуҷуд, аз давлат мехоҳем ҳамлаҳоро ба ҳайси баҳона барои саркӯби бештар истифода накунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.