Қирғизистон ба «Барқи тоҷик» ҳудуди 3,6 млн. $ маблағ пардохт кард

Шурӯъ аз моҳи октябр интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ шуд. Дар ин бора ВАО-Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати «Нерӯгоҳҳои барқӣ»-и ин кишвар хабар медиҳанд . Гуфта мешавад, давоми моҳҳои июн-сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 146,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамин тариқ Қирғизистон барои […]

Пайрав Чоршанбиев



Шурӯъ аз моҳи октябр интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ шуд. Дар ин бора ВАО-Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати «Нерӯгоҳҳои барқӣ»-и ин кишвар


хабар медиҳанд


.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои июн-сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 146,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамин тариқ Қирғизистон барои воридоти ин миқдор нерӯи барқ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кардааст.

Қаблан аввали моҳи июн ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми то 500 млн. кВт/соат дар мавсими тобистон бо нархи 2,5 сент барои 1 киловатт ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» маълумоти аз аввали моҳи октябр қатъ шудани содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояро тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки дар робита ба камбуди барқ дар ҷумҳурӣ чунин тасмим гирифта шудааст.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии нерӯи барқи аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содиротшуда, беш аз 1 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳудуди 850 млн. кВт/соат ба Афғонистон ва наздики 150 млн. кВт/соат ба Қирғизистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.