Ду далели хариду фурӯши ноболиғон дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дар минтақаи ҷанбуи ҷумҳурӣ кормандони милиса ду далели хириду фурӯши ноболиғонро ошкор карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки рӯзи 6-уми октябр кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда  дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа ба […]

ASIA-Plus



Дар минтақаи ҷанбуи ҷумҳурӣ кормандони милиса ду далели хириду фурӯши ноболиғонро ошкор карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки рӯзи 6-уми октябр кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда  дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа ба зани 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз зани 30-солаи сокини ноҳияи Бохтар низ бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир гардида, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, санаи 29-уми сентябри соли 2015, дар меҳмонхонаи мазкур ба зани дар боло зикргардидаи 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш занро ба маблағи 1500-сомонӣ фурӯхтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.