Имкони ҷудо шудани воситаҳои Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии қурби сомонӣ

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) масъалаи ҷудо шудани кумаки техникӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва қурби арзи миллӣ ва ҳамчунин бахши бонкии Тоҷикистонро баррасӣ дорад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зимни мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва […]

ASIA-Plus



Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) масъалаи ҷудо шудани кумаки техникӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва қурби арзи миллӣ ва ҳамчунин бахши бонкии Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зимни мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва идораи фискалӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ, Кафқоз, Русия ва Ҳавзаи Қариб хонум Мириа Пигато масъалаҳои зарурат ва талабот ба кӯмаки техникӣ, дастгирии таҳлилии низоми бонкӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳотӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, нахуст муовини аввали раиси БМТ аъзои ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳониро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, буҷети ҷумҳурӣ, таваррум, дастовардҳо дар низоми бонкии кишвар, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар БМТ ошно намуда, изҳор дошт, ки дар тӯли 3-5 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръати чашмрас пеш рафт, буҷети давлатӣ бошад, чанд маротиба зиёд шуда, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 3,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ паст аст. «Албатта, чун дар дигар давлатҳои ҷаҳон бар асари фишори буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилотҳо ба миён омадаанд ва барои рафъи онҳо моро зарур аст, ки кӯмаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем», – иброз доштааст ӯ.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мириа Пигато дар навбати худ зимни мулоқот изҳор доштааст, ки мақсади ташрифи ҳайат ҳам ба Тоҷикистон омӯхтани масъалаю мушкилоти мавҷуда, муайян намудани шартҳои зарурӣ барои пешниҳоди ёрӣ ва ташакул додани сиёсати дастгирӣ ва кӯмаки техникӣ ва бо ин васила таъмин намудани пешрафт дар иқтисодиёт мебошад. Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки ҳамкориҳои муфид ва судманд метавонанд аз тариқи барномаҳои алоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии қурби пули миллӣ ва бахши бонки ба роҳ монда шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои мушаххас оид ба ҳамкориҳои тарафайн дар мулоқотҳои минбаъда бо ҳайати навбатии Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.