Ташрифи як гурӯҳи генералу адмиралҳои ИМА ба Душанбе

Аз 8 то 12 октябри соли 2015 Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллиро дар Вашингтон дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон мизбонӣ мекунад. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон аъзоёни барномаи “КЭПСТОУН” бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати […]

Иттилоияи расмӣ



Аз 8 то 12 октябри соли 2015 Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” барои генералу адмиралҳои Донишгоҳи мудофиаи миллиро дар Вашингтон дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон мизбонӣ мекунад.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон аъзоёни барномаи “КЭПСТОУН” бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард.

Омӯзандагони барномаи “КЭПСТОУН” ба Гӯшаи амрикоӣ дар ш. Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо маводу давраҳои омӯзиши забони англисӣ барои ҷавонони тоҷик ташриф меоваранд. Баъд аз дидани Гӯшаи амрикоӣ шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик дар мизи муддавар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима мекунанд.

Рӯзи душанбе онҳо рӯзи аввали давраи омӯзишии аз ҷониби ИМА барои Гвардияи миллӣ ва ДТММ ташкилшударо мушоҳида мекунанд. Ин омӯзишҳо, ки ба иқтидори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тамаркуз шудааст ва аз соли 2006 гузаронда мешаванд, фақат яке аз мисоли барномаҳои зиёди кӯмакрасон дар соҳаи амният, ки Сафорати ИМА солона мегузаронад.

Илова ба мулоқоту вохӯриҳо иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон дар осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисори асри 18 сайругашт хоҳанд кард.

Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфт. Ҳадафи омӯзиши мазкур аз баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта иборат аст.

Сафари гурӯҳҳои иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” ба минтақаҳои гуногун барои дарки беҳтари масоиле, ки шарикони калидӣ дучор мешаванд ва барномаҳои таҳсилию имкониятҳои онҳо дар ноил шудан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” дар сафару чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар омӯхтани таъриху фарҳанги кишвари ташрифоварда кӯмак мерасонад, иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.