Бордюжа: САҲА дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон саҳм мегузорад



Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамроҳ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак мекунанд. Дар ин бора хабаргузории


ТАСС


иттилоъ медиҳад.

«Мо дар бораи роҳандозии маҷмӯи тадбирҳои муштарак тавофуқ ҳосил кардем. Марзи Озарбойҷону Арманистон ва иқдомоти сиёсӣ дар ин самт зикр шуд, ки бояд имкони истифода нерӯ дар он ҷоро ғайриимкон сохта, танзими ин низоъи хеле кӯҳна, вале хеле ҳассосро ба раванди воқеъии сиёсӣ раҳнамун созанд», – иброз доштааст дабири кулли СААД Николай Бордюжа рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо дабири кулии САҲА Ламберто Занйер.

Хабаргузории

«Интерфакс»

  бо такя ба гуфтаҳои Н.Бордюжа дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки СААД ва САҲА дар масъалаи кори муштарак дар танзими мухолифат дар Қарабоғи Кӯҳӣ низ ба мувофиқа расидаанд.

«Мо сари масъалаи чӣ гуна истифода кардани имконоти САҲА дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус дар амалиёте, ки айни замон Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муваффақона амалӣ месозанд, андеша хоҳем кард. Илова бар ин, албатта ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ҷиддӣ машғул шуда, кӯшишҳои муштарак ба харҷ хоҳем дод», – қайд кардааст Бордюжа.

spot_imgspot_img

Популярное