Бордюжа: САҲА дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон саҳм мегузорад

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамроҳ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак мекунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. «Мо дар бораи роҳандозии маҷмӯи тадбирҳои муштарак тавофуқ ҳосил кардем. Марзи Озарбойҷону Арманистон ва иқдомоти сиёсӣ дар ин самт зикр шуд, ки бояд имкони истифода нерӯ дар […]

ASIA-Plus



Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамроҳ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак мекунанд. Дар ин бора хабаргузории


ТАСС


иттилоъ медиҳад.

«Мо дар бораи роҳандозии маҷмӯи тадбирҳои муштарак тавофуқ ҳосил кардем. Марзи Озарбойҷону Арманистон ва иқдомоти сиёсӣ дар ин самт зикр шуд, ки бояд имкони истифода нерӯ дар он ҷоро ғайриимкон сохта, танзими ин низоъи хеле кӯҳна, вале хеле ҳассосро ба раванди воқеъии сиёсӣ раҳнамун созанд», – иброз доштааст дабири кулли СААД Николай Бордюжа рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо дабири кулии САҲА Ламберто Занйер.

Хабаргузории

«Интерфакс»

  бо такя ба гуфтаҳои Н.Бордюжа дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки СААД ва САҲА дар масъалаи кори муштарак дар танзими мухолифат дар Қарабоғи Кӯҳӣ низ ба мувофиқа расидаанд.

«Мо сари масъалаи чӣ гуна истифода кардани имконоти САҲА дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус дар амалиёте, ки айни замон Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муваффақона амалӣ месозанд, андеша хоҳем кард. Илова бар ин, албатта ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ҷиддӣ машғул шуда, кӯшишҳои муштарак ба харҷ хоҳем дод», – қайд кардааст Бордюжа.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.