Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ҳамчунин тағйироту илова ба Кодекси оила ва Кодекси мурофиаавии гражданиро дастгирӣ намуд, ки мутобиқи он тартиби ба фарзандӣ қабул кардани ятимон (писархонд, духтархонд) соддатар роҳандозӣ мешавад.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки имрӯз дар кишвар беш аз 46,2 ҳазор нафар ятимон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 2 ҳазор тан аз онҳо ҳам аз падару ҳам аз модар маҳруманд.
Вазир қайд кард, ки айни замон беш аз 1,7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар навбати ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакони ятим қарор доранд. «Тайи 5 сол ҳудуди 4 ҳазор нафар кӯдакон ба фарзандии оилаҳо қабул шуданд», – гуфт ӯ.
Давоми се соли ахир судҳои кишвар аризаи 88 нафар шаҳрвандон оид ба фарзандхонд кардани ятимонро рад карда, ҳамчунин дар ин давра 4 қарори қаблан қабулшудаи судҳо дар бораи ба фарзандӣ қабул кардан бекор шудааст.
Тағйироту иловаи қабулшуда волидони имконпазири ятимонро аз пардохти боҷи давлатӣ зимни аз ҷониби судҳо баррасӣ шудани дархости онҳо барои фарзандхонии ятимон озод мекунад.
Гайр аз ин, мутобиқи тағйироту илова, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ваколати ташкили рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ дар бораи ятимони кишвар дода мешавад.
Пешниҳоди содда кардани тартиби ба фарзандӣ қабул кардани ятимонро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2013 дар паёмаш ба парлумон баён карда буд. «Ҳазорон ятимон дар хонаи кӯдакон тарбият мегиранд. Кӣ ба ин гунаҳкор аст? Мо ва бюрократияи мо. Одамон тӯли чандин солҳо наметавонанд, ки ятимеро ба фарзандӣ қабул кунанд ва ин ба афзоиши хариду фурӯши ғайриқонунии кӯдакон оварда мерасонад», – изҳор дошта буд он замон президент.
«Монеъаҳои бюрократиро барҳам додан зарур аст ва ман бовар дорам, ки далелҳои хариду фурӯши ғайриқонунии кӯдакон кам мешаванд. Агар тартиби ба фарзандӣ қабул кардан осон шавад, ятимон ҳам камтар мешаванд», – таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома сарвари давлат аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар ин самт норозигӣ изҳор карда буд. «Сохторҳои давлатии мо ба чӣ кор машғуланд? Олимони мо куҷоянд? Ман дастур медиҳам, ки санади дахлдор дар бораи содда кардани тартиби ба фарзанди қабул крадан таҳия шавад», – изҳор дошта буд президент.



