Намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон дар Кӯлоб

Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб Намоишгоҳи молу маҳсулути Ҳиндустон ба кор шурӯъ кард. Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Қудратулло Олимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон бо ташаббуси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон ва иштироки бевоситаи Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бори нахуст […]

Турко Дикаев



Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб Намоишгоҳи молу маҳсулути Ҳиндустон ба кор шурӯъ кард.

Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Қудратулло Олимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон бо ташаббуси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон ва иштироки бевоситаи Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бори нахуст дар ин шаҳр доир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, маъруфияти намоишгоҳ сол то сол зиёд шуда. агар соли гузашта дар намоишгоҳ 13 ширкати Ҳиндустон маҳсулоти худро пешкаш карда бошанд, имсол танҳо дар Кӯлоб аллакай 20 гӯшаҳои ширкатҳо боз шудаанд.

«Шумори гӯшаҳои ширкатҳо дар шаҳри Хуҷанд қариб ду баробар зиёд буд, вале на ҳамаи ширкатҳои Ҳиндустон ба шаҳри Кӯлоб омада тавонистанд , зеро баъди Кӯлоб чунин намоишгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ббаргузор мешавад ва онҳо ба он омодагӣ мегиранд», – илова кард номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.