Телевизорҳои OLED дар бозори ҷаҳонӣ кайҳо боз гардиши калонро соҳиб шудааст, лекин бояд гуфт, ки ин технология то имрӯз гаронбаҳо ҳисобида мешуд. Ба қарибӣ ширати LG модели нави 55EC930V-ро баровард, ки иҷозати тасвираш 1080р буда ба қатори телевизорҳои дастрас дохил мешавад.
Дар бораи афзалиятҳои OLED
Экранҳои телевизорҳои OLED (технологияи диодҳои равшанидиҳандаи органикӣ) бо пикселҳои худравшанидиҳанда муҷаҳҳаз буда, назар ба экранҳои оддӣ бартарӣ доранд. Онҳо ба равшании иловагӣ, ки ба вайронии тасвир мерасонад, муҳтоҷ нестанд.
Азбаски диодравшанидиҳанда нури шахсии худро дороанд, барои равшании иловагӣ, ки дар дисплеи булури моеъ ҷойгиранд, ягон зарурате нест. Ин гуна сохти беҳтаршуда барои ситеҳсолкунандагон дар коркарди дизайн имконияти калонеро фароҳам меоварад ва ғафсии телевизорро хеле камтар менамояд.
Технологияи OLED сарҳади байни вақту фазоро аз байн мебардорад. Ин технология рӯз аз рӯз фаъолона ба ҳаёти мо ҷузъиёти манзараҳои пурмӯъҷизаро ворид менамояд. Чанд вақт пештар смартфонҳо ва соатҳои боақл бо истифодаи ин технология пешкаши харидорон шуда буданд.
Чаро дисплей ҳамвор нест?
Экранҳои ноҳамвор- тамоюли сол аст. Ба туфайли ин шакл, ки радиусаш ба радиуси чашми одамизод баробар аст, ҳудудҳои паҳлуии тасвир вайрон намешавад.
Экрани аз ҳарвақта беҳтар.
Фаҳмиши фавқулоддагии технология ҳангоми тамошои тасвири саҳеҳу сарреҳии тарҳ эҳсос мегардад. Барои ёд гирифтани ҷӯркунии осон чанд дақиқа лозим асту халос. Сатҳи олии тасвири OLED имконияти нигаҳдории сарреҳӣ дар дурахшонии ранг ва таззоди аксҳоро таъмин менамояд.
Барномаи боақл
Интерфейси навшудаи webOS аз ширкати LG тамоми номгуи амалиётҳоро бо нишоначаҳояшон (иконка) дар як сархат нишон медиҳад. Аз як шабака ба шабакаи дигар гузаштан хеле осон гардида ба ягон маркази хизматрасонӣ барои ёрӣ муроҷиат карданатон лозим намешавад.
Хусусиятҳои техники LG 55EC930V:
Андозаи экрана: 55 дюйм
Иҷозати тасвир: 1920 x 1080 пиксел
Технологияи дисплей: OLED
Спикер баромад: 40 Ватт
Камераи насбшуда: нест
Алоқа: Freeview, HDMI 2.0 (x4), USB (x3), компонентӣ, композитсионӣ, SCART, Ethernet, Wi-Fi, баромадгоҳ барои гушмонак, баромади оптикӣ.
Андозаҳо (ВхШхГ): 753 х 1225 х 204 мм бопояаш, 715 х 1225 х 80 мм бе поя
Вазн: 22.4 кг бо поя, 14.4 кг бе поя.
Телевизорҳои иноватсионии LG-ро метавонед дар шабакаи мағозаҳои Volna- фурушандаи расмии ширкати LG Electronics дар Тоҷикистон харидорӣ намоед.


