Япония ба дастгирии БМТ омодагӣ изҳор намуд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Масихико Ошима – Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд (СМВК Европа лтд), ки дар ҳайати сафари расмии Сарвазири Япония ҷаноби Синдзо Абэ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот доир намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, нахуст  Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми […]

ASIA-Plus



Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Масихико Ошима – Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд (СМВК Европа лтд), ки дар ҳайати сафари расмии Сарвазири Япония ҷаноби Синдзо Абэ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот доир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, нахуст  Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби асъори миллӣ, тавозуни пардохт, сатҳи таваррум шинос намуда, изҳор дошт, ки бо вуҷуди идома ёфтани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 6,2 фоизро ташкил намуд, сатҳи таваррум ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ паст аст. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 22 фоиз зиёд шуданд. Маблағҳои қарзие, ки аз ҷониби бонкҳо ба ноҳияҳои дурдасти куҳӣ, корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд, дода шудаанд, хеле афзуданд.

Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки чун дар дигар давлатҳои олам дар натиҷаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилотҳо ба миён омадаанд ва барои бартараф намудани онҳо моро зарур аст, ки доираи ҳамкориҳои байналхалқии худро васеъ намуда, кӯмаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти технологияҳои информатсионӣ бо СМВК Европа лтд ҳавасманд мебошад.

Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд ҷаноби Масихико Ошима бо хушнудӣ изҳор намуд, ки ин рӯз барои ӯ ҳамчун рӯзи махсус, яъне оғози ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷаноби Масихико Ошима иброз дошт, ки умедвор аст, ки минбаъд бонки онҳо дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкии он саҳми худро хоҳад гузошт.

Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши технологияҳои информатсионӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи бонкӣ ва оғоз намудани ҳамкориҳои дуҷониба бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баён намуд.

Ҷаноби Масихико Ошима зимни суханронии худ қайд намуд, ки СМВК Япония дорои таърихи беш аз 300 соли фаъолият буда, яке аз бонкҳои машҳур ва қудратманди Япония ба шумор меравад. Бонки СМВК Европа лтд бошад, бонки универсалии мустақил дар Лондон ба ҳисоб рафта, дар шаҳрҳои Амстердам, Дублин, Мадрид, Милан, Париж ва Прага намояндагиҳои худро дорад. Саҳҳоми ягонаи СМВК Европа лтд Сумитимо Митсуи Корпорэйшен Япония мебошад.

Дар интиҳои мулоқоти судманд ҷонибҳо якдилона ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаровар лоиҳаи эъломияи ҳамкориро омода ва дар наздиктарин фурсат ба имзо мерасонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.