Путин аз қазияи марги Умаралӣ Назаров огаҳӣ дорад

– Президенти Русия Владимир Путин аз қазияи пурсарусадои марги кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург огаҳӣ дорад, – хабар додааст РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии президенти ин кишвар Дмитрий Песков. «Табиист, ки ӯ (Путин) аз ин ҳодиса бохабар аст, ба таври кофӣ ин ҳодисаи пуртаъсир аст ва дар ВАО он ба таври […]

ASIA-Plus



– Президенти Русия Владимир Путин аз қазияи пурсарусадои марги кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург огаҳӣ дорад, – хабар додааст




РИА Новости


бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуотии президенти ин кишвар Дмитрий Песков.

«Табиист, ки ӯ (Путин) аз ин ҳодиса бохабар аст, ба таври кофӣ ин ҳодисаи пуртаъсир аст ва дар ВАО он ба таври густурда инъикос шуд, сарвари давлат аз он огаҳӣ дорад», – иброз доштааст Песков дар посух ба саволи журналист дар ин бора.

Дар хамин ҳол, зимни посух ба саволи иловагӣ оид ба таҳти назорати президент қарор доштани ин ҳодиса, котиби матбуотии сарвари давлати Русия изҳор доштааст, ки «ҳар як ҳодиса таҳти назорати президент буда наметавонад, ин ғайриимкон аст».

«Ғайр аз ин, бисёр муҳим аст, ки воситаҳои мақомоти давлатӣ вуҷуд доранд, ки ҳар кадомаш вобаста ба салоҳияти худ ба ҳалли мушкилоти гуногун машғуланд», – қайд кардааст Песков.

Бино ба маълумоти

ТАСС

, Песков зикр кардааст, ки ин ҳодиса «ҳеҷ гуна гузориш ба президентро тақозо намекунад» ва хотиррасон кардааст, ки аз рӯи ин ҳодиса ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони назди президент

Павел Астахов

аллакай изҳори андеша кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.