LG SUPER UHD TV – технологияҳои квантӣ дигар хаёлот нестанд!

Ширкати LG дар бозори  Тоҷикистон  модели нави телевизорҳои UHD  55UF950V-ро  пешниҳод менамояд, ки аввалин бор  технологияи  нуқтаҳои квантиро барои ба даст овардани  имкониятҳои  аълосифати тасвир истифода мебарад.Нуқтаҳои квантӣ барои он лозиманд, ки намоиши рангҳоро беҳтар инъикос намоянд, ин бошад таасуроти тамошобинро хеле беҳтар мегардонад. Нуқтаҳои квантӣ   булӯрҳои хурдакакии андозашон аз 2 то 10 нанометр буда, […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати LG дар бозори  Тоҷикистон  модели нави телевизорҳои UHD  55UF950V-ро  пешниҳод менамояд, ки аввалин бор  технологияи  нуқтаҳои квантиро барои ба даст овардани  имкониятҳои  аълосифати тасвир истифода мебарад.Нуқтаҳои квантӣ барои он лозиманд, ки намоиши рангҳоро беҳтар инъикос намоянд, ин бошад таасуроти тамошобинро хеле беҳтар мегардонад.







Нуқтаҳои квантӣ   булӯрҳои хурдакакии андозашон аз 2 то 10 нанометр буда, ғафсиашон  ҳамагӣ 20 қабат атомро ташкил медиҳад. Онҳо  вобаста аз андозаашон ва доираи нисбатан борики сарчашмаи  нур, рангпошӣ  менамоянд. Бино бар санҷишҳои гузаронидашуда, тавассути ин имконияти ба таври амиқ тақсимшудани рангҳо ба вуҷуд меояд. Ба туфайли истифодаи технологияи нав, гаммаи рангҳои панели ТВ ба 30% фоиз зиёдтар гардидааст. Таркиби нуқтаҳои  квантӣ-сулфат ва руҳ мебошад. Ширкати LG  дар истеҳсоли  маҳсулоти худ танҳо маводҳои экологиро истифода карда, дар фарқият аз дигар  истеҳсолкунандагон, камбудии асосии нуқтаҳои квантӣ- кадмийро, ки муҳити атрофро ифлос менамояд,  ба кор намебарад.

Ба ин минвол, такмили сатҳи иловагӣ-пардаи дорои ҷузъҳои  махсуси  нурпошикунанда имконият фароҳам меоварад, ки   рангу  возеҳии тасвир баланд шаваду  неруи барқ дар вақти кори панели ТВ сарфа шавад.


Протсессор-пардозандаи




Color prime


Бо технологияи Nano Spectrum аз ширкати LG тасвир бо тамоми рангҳои мавҷуда,  бо ҳама тобишҳояшон, ки аз мавҷудияташон гумон ҳам надоштед, падидор мегардад. Ба олам бо назари пур аз рангу тобиши ҷаззоб нигаред ва сирру асрори ниҳонии табиатро бароятон кафш кунед.   Протсессори Color prime барои коркарди  графика, сареҳии  тасвир, баландшавии  фурузонӣ ва акс, бо истифодаи 3 алгоритми табдили тасвир хизмат менамояд. Алалхусус, барои таҳлили маълумотҳои ибтидоӣ, таҳлили сояҳо, ояндабинии ҳавоӣ барои  тасвири бенуқсон ва воқеияти комил. Иҷозати тасвир бо андозаи 4К-ояндаи  тасвирҳои рақамӣ буда, сифатан аз Full HD гузориши тасвирро аз нуктаи назари рангу ҷузъиёт, бо иштироки 8,3 миллион пиксел,  4 маротиба   беҳтар иҷро менамояд. 


Дизайни ультраборик

Телевизори  4К-и 55 дюйма бо диагонали 140 см бо имконияти нурпаҳнкунандагӣ  дар нуқтаҳои квантии Quantum Dot, ки ғафсии ҳамагӣ 8,5 мм дорад, дар фарқият аз дигар телевизорҳои монанд ба дараҷаи олӣ фарқ мекунад! Тасвири олӣ бо иҷозати тасвири 4К дар конструксияи борики телевизор ҷойгир шудааст ва ин гунна телевизор ҷузъи табии хонаи шумо хоҳад буд. Конструксияи махсуси тагпояи телевизор «Толори консерт» ном дошта,  эффекти нотакрореро барои тамошои  бофароғат фароҳам меоварад.


Садодиҳии олидараҷа

  Сифати  садошунавоӣ аз тарафи ширкати  маъруфи  harman/kardon  ба сатҳи баланд бардошта шудааст. Баҳрабардорӣ аз шунавоӣ ба мисли тамошо ҳайратовар аст. Системаи садои Ultra Surround сифати баланди садошунавоиро таъмин менамояд. Динамикҳо  садоро ба чанд самт тақсим намуда,  3D-аудиоро ба вуҷуд меоранд. Аудиосистемаи  якҷоя бо Harman Kardon коркардшуда, бо тавоноии  30 ватт сатбаланди садошунавоиро таъмин менамояд.


Идоракунии қулай


Телевизорҳои  LG webOS  барои  истифодаи осон ва қулай истеҳсол шудаанд.  Аз тамошои бароҳати телевизор дар асоси барномаи  webOS 2.0. фароғат баред. Бо назардошти  менюи асосӣ, бидуни  гузариш ба  экрани махсуси «хонагӣ»    метавонед ба замимаи дилхоҳатон   пахши мустақими барномаҳо, хизматрасонии VOD ва ё дастгоҳи насбшудаи беруна бидуни  гузариш ба  экрани махсуси «хонагӣ» гузаред. Тамоми хизматрасониҳо ва контенти  фароғатӣ  дар сатҳи Менюи асосӣ  аст.Функсияи smartshare ҳамаи шабакаҳоро аз рӯи алфавит, сана ва ё дигар   бузургӣ, вобаста аз хоҳишатон  ба рӯихат  медарорад. Шумо акнун метавонед  файли дилхоҳатонро бароҳат тамошо кунед.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ