Путин ба роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ оид ба мушкилоти терроризм изҳори назар кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 октябр дар қароргоҳи Ново-Огарёвои вилояти Маскав бо роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад. Зимни мулоқот президенти Русия изҳор доштааст, ки яккаву танҳо ҳеҷ кас бо терроризм мубориза бурдан наметавонад ва барои ин самаранокии фаъолиятро баланд […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 октябр дар қароргоҳи Ново-Огарёвои вилояти Маскав бо роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора


хадамоти матбуоти Кремл


хабар медиҳад.

Зимни мулоқот президенти Русия изҳор доштааст, ки яккаву танҳо ҳеҷ кас бо терроризм мубориза бурдан наметавонад ва барои ин самаранокии фаъолиятро баланд бардошта, ба ҳамоҳангсозӣ тақвият бахшидан зарур аст.

«Таҳдидҳо ба кишварҳои мо кам намешаванд ва ҳатто метавон гуфт, ки ин мушкилот торафт шиддат мегирад. Дар қатори таҳдидҳои маъмулӣ наваш ҳам зам мешавад», – иброз доштааст Путин.

Ӯ қайд кардааст, ки «вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик хуб нест. «Дар дохили кишварҳоямон низ мушкилот басанда аст, ки ҳаллашон аз ҷониби шумо зарур мебошад», – таъкид доштааст сарвари давлати Русия.

Путин бар ин назар аст, ки «имрӯз ҳеҷ касе яккаву танҳо бо ҷинояткории созмонёфта ва терроризм пурсамар мубориза карда наметавонад. «Ин ки шумо гирдиҳам меоед, мушкилоти умумиро баррасӣ мекунед, роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро меҷӯед ва кори худро ҳамоҳанг месозед, бидуни шубҳа ин хеле муҳим аст», – гуфтааст ӯ.

«Табиист, ки шаҳрвандони кишварҳои мо беҳбуди самаранокии фаъолият ва тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар самтҳои муҳимтарини корро аз шумо интизорӣ доранд», – афзудааст ӯ.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар ин вохӯрӣ ҷанбаҳои калидии фаъолияти зиддитеррористӣ дар қаламрави ИДМ ва масоили муқовимат бо созмонҳои террористӣ баррасӣ шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймӯмин Ятимов намояндагӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.