Бонкҳои Тоҷикистон барномаҳои Томсон Рейтерс барои савдои электрониро истифода мекунанд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки намояндагони сершумори ташкилотҳои қарзӣ муаррифии барномаҳо ва маҳсулотҳои яке ширкатҳои машҳури ҷаҳон Томсон Рейтерс оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ […]

ASIA-Plus



Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки намояндагони сершумори ташкилотҳои қарзӣ муаррифии барномаҳо ва маҳсулотҳои яке ширкатҳои машҳури ҷаҳон Томсон Рейтерс оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ баогузор гардид.

Бино баа иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон чунин як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс баргузор гардида буд ва баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз дода буданд.

Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта аксарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монда, шартномаи заруриро ба имзо расониданд. Дар чорабинии имрӯза мутахассисони варзидаи ташкили платформаи ягона барои низоми электронии савдо таҳти сарварии Роҳбар оид ба рушди фаъолияти ширкати Томсон Рейтерс дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил Александр Аухариев дар назди ҷамъомадагон дар бораи тарзу роҳҳои ҷойгир намудан ва танзими барномаҳои зарурӣ, усулҳои гузаронидани савдои асъорию мубодилавӣ, шарҳи низоми музоядавӣ ва анҷом додани музоядаи санҷишӣ ва ҳамчунин намоиш додани раванди тағйирёбии қурбҳо ба иштирокдорони бозор ба таври мукаммалу муфассал суханронӣ намуда, амалияи иҷро намудани онҳоро нишон доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар бахшҳои саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба дархостҳои худ дар мавриди дастрасӣ ба платформаи ягонаи савдои электронӣ дар дохили кишвар ва дар бозорҳои байналхалқӣ, иҷрои талабот барои бе мушкилот истифода бурдани маҳсулоту терминалҳои иттилоотии “Eikon”, “Thomson Reuters messenger”, “Thomson Reuters FX Trading”, баҳравар шудан аз хизматрасонии Хадамоти дастгирии техникии ширкат дар шаҳрҳои Москва ва Алмаато ва дигар паҳлӯҳои нозукӣ фаъолият дар майдони ягонаи савдои электронии асъор ҷавобҳои саҳеҳ ва маълумоти муфассал гирифтанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.