Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон фарорасии обуҳавои ноустувор дар ҷумҳуриро пешгӯӣ мекунад.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, аз 31 октябр то 2 ноябр дар ҷумҳурӣ поинравии ҳарорат ва боришот дар назар аст.
«Дар давраи аз 31 октябр то 2 ноябр обуҳавои ноустувор пешбинӣ шуда, борон меборад, рӯзҳои 1-2 ноябр баъзан борони шадид дар назар буда, дар кӯҳҳо барф меборад», – қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 1 ноябр дар баъзе ноҳияи минтақаи ҷануб чангу ғубор фаромада, вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония пурзӯр мешавад ва дар водиҳо ҳарорати рӯзона то 9-14 дараҷа поин меравад.


