Густариши фаъолияти Cokey System Co. LTD-и Япония дар Тоҷикистон

Дар ҳошияи сафари расмии сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим бо директори генералии  Ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”- Япония ҷаноби Наомаса Иошида   Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”-ро […]

ASIA-Plus



Дар ҳошияи сафари расмии сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим бо директори генералии  Ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”- Япония ҷаноби Наомаса Иошида   Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”-ро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД” бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи доруворӣ аз решаи ширинбия дар ҷаҳон мебошад. Ширкат дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД” фаъолияти хешро дар мамлакат дар самти парвариш ва коркарди ширинбия аз соли 2010 бо иштироки ҶСП “Аввалин” ба роҳ мондааст.

Гуфта мешавад, барои коркарди решаи ширинбия аз ҷониби ширкати мазкур дар ноҳияи Қубодиён корхона бо иқтидори истеҳсоли коркарди 3 ҳазор тонна ширинбия сохта ба истифода шудааст. Корхонаи мазкур бо сармояи 3 млн. доллари ИМА бунёд ёфта, маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли доруҳои қиматбаҳои бемориҳои ҷигарро омода месозад.

Зимнан зикр мегардад, ки барои парвариши ин навъи гиёҳ ҶСП “Аввалин” дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус ҳудуди 2000 гектар заминро истифода намуда истодааст. Ҳамзамон барои парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди решаи ширинбия дар маҷмӯъ 700 нафар кормандони маҳаллӣ ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.