Кушта шудани 140 нафар толибон дар марз бо Туркманистон

Дар ҷараёни амалиёти поксозии вулусволии Гурмачи вилояти Фарёби Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, беш аз 140 нафар ифротгароён нобуд карда шуданд. Дар ин бора «Интерфакс»  бо истинод ба сардори раёсати пулиси ин минтақа Саид Оғо Андаробӣ хабар дода, менависад, зимни амалиёти мазкур воҳидҳои нерӯҳои ҳукуматии дар иҳотамонда низ озод карда шудаанд. «Ҳамроҳ бо артиши […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни амалиёти поксозии вулусволии Гурмачи вилояти Фарёби Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, беш аз 140 нафар ифротгароён нобуд карда шуданд. Дар ин бора


«Интерфакс»


 бо истинод ба сардори раёсати пулиси ин минтақа Саид Оғо Андаробӣ хабар дода, менависад, зимни амалиёти мазкур воҳидҳои нерӯҳои ҳукуматии дар иҳотамонда низ озод карда шудаанд.

«Ҳамроҳ бо артиши миллӣ, дастаҳои ихтиёриён аз миёни мардум мо амалиётеро роҳандозӣ намудем, ки дар натиҷаи он се хатти мудофиаи толибон рахна шуда, беш аз 140 нафар ҷангиён нобуд ва роҳи аз иҳота баромадани нерӯҳои ҳукумат дар Гурмач ва маҳаллаи аҳолинишини Дуоба боз карда шуд», – гуфтааст Андаробӣ.

Ӯ қайд кардааст, ки бинобар сабаби аз ҷониби толибон истифода шудани аҳолии осоишта ба сифати сипари зинда амалиёт ба дарозо мекашад.

Гуфта мешавад, тақибан даҳ рӯз пеш вулусволии Гурмач таҳти назорати толибон қарор гирифта, зимни ҳамлаи ифротгароён сардори шуъбаи пулиси ин вулусволӣ Абдул Маҷид Гилембофӣ ба асорат афтида ва баъдан кушта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи чоршанбе ҷангиёни ҳаракати Толибон шаҳри Дарқад дар вилояти Тахор, воқеъ дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистонро

таҳти тасарруфи худ

дароварданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.