Сидорский: Тоҷикистон то ҳол хоҳиши воридшавӣ ба ИИАО-ро изҳор накардааст

Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Сергей Сидорский зимни нишасти хабарӣ дар доираи кори Конфронси X байнулмилалии Бонки авруосиёии рушд «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ» дар Маскав қайд кард, ки Тоҷикистон то ҳол хоҳиши воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АруОсиё (ИИАО)-ро изҳор накардааст. Ба қавли ӯ, раҳбарияти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ин масъаларо бодиққат мавриди омӯзиш […]

ASIA-Plus



Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Сергей Сидорский зимни нишасти хабарӣ дар доираи кори Конфронси X байнулмилалии Бонки авруосиёии рушд «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ» дар Маскав қайд кард, ки Тоҷикистон то ҳол хоҳиши воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АруОсиё (ИИАО)-ро изҳор накардааст.

Ба қавли ӯ, раҳбарияти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ин масъаларо бодиққат мавриди омӯзиш қарор додааст. Сидорский илова намудааст, ки агар раҳбарияти Тоҷикистон хоҳиши воридшавӣ ба ИИАО-ро изҳор намояд, «пас мо ба баррасии ин пешниҳоди онҳо омодаем».

Дар навбати худ раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Дмитрий Панкин дар робита ба масъалаи қарздиҳӣ барои лоиҳаҳои Тоҷикистон зикр кардааст, ки нишондиҳандаи асосии лоиҳаҳо эътимоднокӣ ва сатҳи хавфҳо мебошад.

«Хавфи қарзҳои ба Тоҷикистон ҷудошуда ҳадди ақал аст, чунки ба воситаи хатти қарздиҳии Фонди авруосиёии субот ва рушд дода мешавад ва айни замон мо лоиҳаҳо дар бахшиҳои электроэнергетика ва хоҷагии роҳро баррасӣ дорем», – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Панкин, «афзалиятҳои Бонки аврусиёии рушд дар он ифода меёбад, ки якчанд кишварҳо манфиати муштарак дошта бошанду ҳалқаи арзиши иловашуда вуҷуд дошта бошад». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.