Тақвияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ

Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Амаланамоии назорати сарҳадӣ дар Тоҷикистон – бартараф кардани гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ» дидбонгоҳҳои гумрукии «Панҷи-поён», «Дӯстӣ», «Фотеҳобод», «Нов», «Конибодом», «Пахтобод» бо таҷҳизоти техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, инчунин Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо дастгоҳҳои назорати радиатсионӣ таъмин гардида,ҳамчунин 40 […]

ASIA-Plus



Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Амаланамоии назорати сарҳадӣ дар Тоҷикистон – бартараф кардани гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ» дидбонгоҳҳои гумрукии «Панҷи-поён», «Дӯстӣ», «Фотеҳобод», «Нов», «Конибодом», «Пахтобод» бо таҷҳизоти техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, инчунин Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо дастгоҳҳои назорати радиатсионӣ таъмин гардида,ҳамчунин 40 – пейҷер барои пешгирӣ кардани қочоқи ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва 13 дозиметр-радиометр барои маҳдудкунии онҳо дастрас гардидааст.

Гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа бо назардошти дастраскунӣ, интиқол (ҳамлу нақл), ҷо ба ҷокунӣ, бакорандозию танзим ва омӯзиш 1,5 миллион Евроро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар солҳои охир терроризм бо истифодаи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ нооромии бештарро ба амал овардааст. Террористон ҳамчунин метавонанд аз «бомбаҳои чиркин» истифода баранд, яъне бомбаҳое, ки аз партовҳо (мавод)-и дорои радиактивҳои баланд иборатанд ва имкон дорад тавассути истифодаи онҳо мавзеъҳои калон заҳролуд гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.