Ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои Таҳлил роҷеъ ба ҷанбаҳои гендер, синну сол ва маъюбият дар лоиҳаҳои вобаста ба Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мизи мудаввар баргузор намуд.
Ҳадафи чорабинӣ – саҳмгузорӣ ва таҳия намудани тадбиру тавсияҳо барои такмили
муколама оид ба Платформаи нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №98 аз 1 марти соли 2012 мебошад.
Дар кори мизи мудаввар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои маблағгузор, ҷамъияти
шаҳрвандӣ, зиёиёну намояндагони кумитаҳои маҳалла ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
«Оксфам дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои омода намудани шахсони осебпазир дар мавриди вокуниши сареъ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ кору фаъолият намуда, умедворем, ки муҳокимаи имрӯза боиси он мешавад, ки минбаъд масъалаҳои вобаста ба гендер, синну сол ва маъюбият ҳангоми банақшагирии лоиҳаҳои вобаста ба Коҳиш додани хатарот аз офатҳои табиӣ зиёдтар фаро гирифта хоҳанд шуд”,- гуфт Боян Колундзия Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон.
Таҳлил дар доираи барномаи Оксфам оид ба Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ гузаронда шуд, ки ин лоиҳа аз тарафи Барномаи Шӯъбаи кӯмаки башардӯстонаи фонди Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ба маблағи умумии 420000 Евро (3030787 сомони) сармоягузорӣ шудааст.



