Афсари руси гумонбар ба қатли зани тоҷик ба СИЗО интиқол ёфт



Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки

ба қатли як зани тоҷик

Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, ба тавқифгоҳи умваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора

Радиои Озодӣ

бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ медиҳад.

Радио Озодӣ менависад Иван Шербаков бо ҳалномаи додгоҳи 109-уми пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ба боздоштггоҳи рақами яки Муассисаи ислоҳии Вазорати адлия дар Душанбе интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҷониби тафтишот бар пояи ташхисе, ки дар ҷасади Шоира Ҷобирова анҷом дода шудааст, маълум хоҳад кард, ба ин зани 22-солаи тоҷик танҳо лейтенанти калон Шербаков дастдарозӣ кардааст ва ё нафарони дигар низ дар таҷовузи ӯ ҳамроҳ буда, баъдан вайро ба қатл расондаанд.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябр аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтаанд, дар бадани ӯ

осори зиёди латукӯб ва ҷароҳатҳои мухталиф

дида шудааст. Ҷобирова ҳамроҳи падару модараш дар маҳаллаи 102-юми пойтахт дар хонаи иҷора мезистааст, вале ҷасадашро дар зодгоҳи ӯ – деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд.

Рӯзи 10 ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфта, дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Россия

Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

супорида шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон чораҳои лозима андешида шаванд».

Бобо Ҷобиров, бародари Шоира Ҷобирова ба Радои Озодӣ хабар додааст, ки пас аз қатли хоҳараш афсари рус ҷасади ӯро ба қуттии ахлотпора партофтааст. Модари духтари кушташуда Идигул Азимова бо такя ба суханони таксирони Шоираро ба хобгоҳи пойгоҳи низомӣ оварда чунин гуфтааст: «Вақте бо таксӣ омадаанд, Шоираро 4 нафар афсарони пойгоҳ пешвоз гирифта ба хобгоҳ раҳнамойӣ кардаанд».

spot_imgspot_img

Популярное