Аз манъи вуруд ба Русия тариқи телефони мобилӣ огоҳ шав

Барои муҳоҷирони кории муқими Русия ва берун аз он замимаи нави мобилии MIGRANT бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба кор дароварда шуд. Айни замон ба корбарони замима хизматгузориҳое чун санҷиши манъи вуруд ба қаламрави Русия, ҳақиқӣ будани патент ва иҷозатнома барои кор дастрас аст. Алҳол замима дар платформаи Android кор карда, ояндаи наздик версияи […]

АИ «Фергана»



Барои муҳоҷирони кории муқими Русия ва берун аз он замимаи нави мобилии


MIGRANT


бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба кор дароварда шуд. Айни замон ба корбарони замима хизматгузориҳое чун санҷиши манъи вуруд ба қаламрави Русия, ҳақиқӣ будани патент ва иҷозатнома барои кор дастрас аст.

Алҳол замима дар платформаи Android кор карда, ояндаи наздик версияи он барои IPhone роҳандозӣ мешавад (замимаи MIGRANT-ро барои Android метавон

бо ин суроға

насб намуд).

«Кайҳост, ки мо дар андешаи таҳияи замима барои телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) будем, то ки каме бошад ҳам, ҳаёти муҳоҷирони кориро осонтар кунем. Зеро на ҳама компютер доранд ва на ҳама касон ба дарёфту истифодаи захираҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) қодиранд. Дар замимаи мо бошад, шакли хеле соддаву қулай барои дархост таҳия шудааст, ки тариқи он истифодабаранда маълумоти барояш заруриро дарёфт мекунад. Ба ӯ ҷустуҷӯи посух зарур нест, масалан ба савол дар бораи манъи вуруди ӯ, дар сомонаи ХФМ – замима ба таври автоматӣ дархостро ба заминаи интернетии мақомоти давлатӣ ирсол мекунад ва ба корбар посухи гирифтаро пешниҳод мекунад. Яъне дар як замима ҳамаи хизматгузориҳои электронии давлатӣ гирдоварӣ мешаванд, ки муҳоҷир онро аз сомонаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ба даст оварда метавонад ва ба шаҳрвандон дигар ҷустуҷӯҳо дар ин сомонаҳо зарур намешавад», – шарҳ додаанд ба «Фергана» дар LexMobile – ширкати таҳиягари замимаи мобилӣ.

Ба гуфтаи намояндагони LexMobile, бо назардошти эҳтиёҷуталабот ва пешниҳодоти корбарон, иловаи бисёре дигар аз корҳои (функсмяҳои) мароқангез ва муфид дар замима низ дар назар аст.

«Бидуни воридшавӣ ба сомонаи Хадамоти федералии андоз, тавассути замима квитансия барои пардохти маблағи патентро таҳия намуда, онро метавон пардохт кард, метавон аз рақами мушаххаси андозсупорандаи худ огаҳӣ ёфт ва аз дигар хизматгузориҳо низ истифода кард. Мо онро «оқил» карданием, яъне ба он вазифаи «ба хотир расонидан»-ро насб карданием, ки дар он вақти пардохти маблағи патент, муҳлати анҷоми бақайдгирӣ ва аз кишвар хориҷ шудан хотиррасон мешавад, то ки муҳоҷирон саривақт ин амалҳои заруриро ба анҷом расонанд. Дар ин ҳолат қонуншиканиҳои беихтиёр аз ҷониби онҳо камтар мешавад», – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Қобили зикр аст, ки ин аллакай замимаи мобилии дуюмест, ки махсус барои муҳоҷирони кории муқими Русия таҳия шудааст. Моҳи августи соли равон лоиҳаи интернетии «ТутЖдут» (ИнҷоИнтизоранд) барои телефонҳои мобилӣ нахустин ба ин монанд замимаро роҳандозӣ кард, ки ба муҳоҷирон дар дарёфти кору пайдо намудани шиносҳои нав дар макони наздики иқоматашон, дигар хизматгузориҳои зарурӣ ва машваратҳои амаливу посухҳо ба саволҳояшон оид ба мушкилот кумак мекунад (алҳол дар шаҳру вилояти Маскав).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.