Мақомоти тафтишот: Қатли Ш.Ҷобирова дар заминаи рашк сурат гирифтааст

– Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд, – хабар дод як манбаъ аз гурӯҳи муштараки тафтишот. Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ якчанд фарзияҳои рух додани ҳодиса баррасӣ […]

ASIA-Plus



– Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд, – хабар дод як манбаъ аз гурӯҳи муштараки тафтишот.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ якчанд фарзияҳои рух додани ҳодиса баррасӣ мешаванд, ки куштор дар заминаи рашк яке аз фарзияҳои асосӣ шуморида мешавад.

Тибқи нишондоди шоҳидон, зани ҳалокшуда ҳамроҳи афсари рус ба қаламрави шаҳраки низомӣ омадаааст ва ин ҳам бори аввал набуда, ихтиёрист ва ҳамчунин зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо дар нуқтаи гузаргоҳ худро «ҳамсар»-и афсар хондааст.

Баъдан дар ҳуҷраи хобгоҳ миёни онҳо муноқиша сар зада, зан ба хиёнату бевафоӣ айбдор шудааст. Пас аз муноқишаи лафзӣ ҷанҷолу занозанӣ рух дода, дар ҷараёни он зан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад ва ба ҳалокат мерасад.

Пас аз боздошт хизматчии ҳарбӣ дар ҳолати рӯҳафтодагӣ аз кардааш пушаймонӣ изҳор намуда, ба гуноҳаш иқрор ва дар ин бора баёноти иқроршавӣ ҳам навиштааст.

Намояндаи гурӯҳи тафтишот ҳамчунин илова намуд, ки ҳамаи ашхоси мансабдори гунаҳкор дар ин ҷиноят сахт муҷозот мешаванд.

Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад,

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

№1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.