Иҷозаи вуруд ба Русия ба 1500 шаҳрванди Тоҷикистон



Ба 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун вурудашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, дубора барои убури марзи ин кишвар иҷозат дода шуд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3000 адад ариза барои иҷозати такрории вуруд ба Русияро қабул кардааст.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳалли ин масъала дар ҷараёни гуфтушуниди Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия имконпазир шудааст.

«Айни замон барои иҷозати такрории вуруд ба Русия мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон 3 ҳазор адад аризаҳо гирифтем, ки ба 1,5 ҳазор адади онҳо посухи мусбат дода шуд. Ин кор чунин сурат мегирад: қабули ариза, ҷамъоварии маълумот ва фиристодани он ба Хадамоти федералии муҳоҷират. Онҳо дар муддати 15-25 рӯз ба мо ҷавоб медиҳанд», – гуфт ҳамсуҳбат ва илова намуд, ки ин кор комилан бепул анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ дархост намуд, ки миёни мафҳумҳои манъи вуруд ба Русия ва истирдоду ихроҷ аз он фарқ гузошта шавад. Вуруд ба Русияро барои ягон амали ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар, аз қабили пардохт нашудани маблағи гуфтугӯҳои телефонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ба таъхир гузоштани бақайдгирӣ ва ғайра манъ мекунанд, ки шумори чунин шаҳрвандон аллакай ба 200 ҳазор нафар расидааст.

«Дар ин масъала донишҷӯёни машғули таҳсил дар Русия, афроде, ки хоҳиши табобат дар Русияро доранд ва шахсоне, ки миёни шаҳрвандони Русия хешу ақрабо доранд, бештар афзалиятҳо доранд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамасола аз 700 то 800 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 ноябри соли 2015 беш аз 933 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки зиёда аз 773 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 159 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд. Оғози сол дар қаламрави Русия беш аз 999,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

spot_imgspot_img

Популярное