Коргоҳи нави дӯзандагӣ низомиёни вилояти Суғдро бо сарулибос таъмин мекунад



Дар шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ коргоҳи дӯзандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, ифтитоҳи корхонаи нави дӯзандагӣ имкон фароҳам овард, ки беш аз 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд.

Дар маросими ифтитоҳи ин коргоҳи дӯзандагӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, сардори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лолахон Раҳмонзода, роҳбарони воҳиду сохторҳои қудратии вилоят ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, асосан барои омода кардани сару либоси низомӣ равона карда шудааст. Дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 60 адад мошинаи чокдӯзӣ насб гардида, занони маҳаллӣ ба дӯхтани сару либоси низомӣ машғул ҳастанд. Иттилоъ дода шуд, ки ашёи хоми коргоҳ аз корхонаҳои нассоҷии вилоят гирифта шуда, сад дар сад пахтагин мебошад ва бо сифати баланд, мутобиқ ба стандартҳои байналхалқӣ омода карда мешавад. Корхона имкон дорад бо тамоми воҳиду сохторҳои низомии ҳудуди вилоят шартнома ба имзо расонида, барои афсарону аскарон либосҳои махсуси соҳавӣ омода созад.

Зимни шиносоӣ бо коргоҳи нав Раиси вилоят доир ба фаъолияти густурдаи коргоҳ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои нассоҷии вилоят, фароҳам овардани шароити зарурии корӣ барои бонувон, ободонии атрофи коргоҳ тавсияҳои муфид дод ва ҳамчунин афзуд, ки баҳри омода кардани сару либоси низомӣ барои 200 нафар аскар маблағҳои заруриро аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷудо месозад.

Дар сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ бошад Раиси вилоят зикр дошт, ки дар шаҳраки Палос зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандон умр ба сар мебаранд ва ифтитоҳи корхонаи мазкур боиси бо ҷои кории доимӣ таъмин гаштани занону духтарон гардида, ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ ва дар оянда баҳри ободонии шаҳрак заминаи воқеӣ мегузорад.

spot_imgspot_img

Популярное