Роҳбари ҳаракати ифротгарои «Толибон» дар Афғонистон мулло Ахтар Муҳаммад Мансур бар асари ҷароҳат, ки рӯзи чоршанбе ҳангоми тирпарронӣ бо ҷангиёни дигар бардошта буд, ҳалок гардид. Дар ин бора
АМИТ «Ховар»
бо истинод ба Агентии иттилоотии
«Синьхуа»
хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, иттилои мазкурро намояндагони ҳукумати расмии Афғонистон тасдиқ кардаанд. «Мансур рӯзи чоршанбе дар ҷараёни тирпарронӣ пас аз баҳси шадид бо дигар роҳбарони ин ҳаракати ифротӣ захми ҷиддӣ бардошт»,-гуфтаанд намояндагони ҳукумати ин кишвар.
Ёдрас мешавад, ки мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ҳаракати ифротии «Толибон»-ро дар Афғонистон аз охири моҳи июл роҳбарӣ мекард. Ӯ дар ин мақом асосгузори ин ҳаракат мулло Муҳаммад Умарро, ки вафот кард, иваз намуд.
Тавре ки «Синхуа» зикр кардааст, пас аз роҳбари ҳаракат интихоб шудани Мансур «Толибон» ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.



