Комиссияи Аврупо маҳсули кумакҳояш ба сохторҳои қудратии Тоҷикистонро месанҷад

Кори Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз 30 ноябр то 04 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон давом ёфта, дар ин муддат бо мақсади санҷиши муҳиммият, самаранокӣ, таъсир ва устувории кумакҳои ИА дар муддати солҳои 2007-2014, инчунин барои муайян намудани ҳамкории минбаъда бо ҳамаи вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ташриф меорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», […]



Кори Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз 30 ноябр то 04 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон давом ёфта, дар ин муддат бо мақсади санҷиши муҳиммият, самаранокӣ, таъсир ва устувории кумакҳои ИА дар муддати солҳои 2007-2014, инчунин барои муайян намудани ҳамкории минбаъда бо ҳамаи вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ташриф меорад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», санҷиши мазкур аз ҷониби ИА ва ширкати олмонии “Particip GmbH”, ки аз 6 мушовир иборат мебошад, гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, 1 декабр Комиссияи Аврупо бо мақсади санҷиши муҳим будани кумакҳои ҷониби ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ ба Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Маркази кинологӣ, ки бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) таъсис дода шудааст, ташриф овард.

Зикр гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

Ба меҳмонон баромади намоишии сагҳои хизматӣ оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳи шартӣ пешниҳод шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.