Ошкор шудани якчанд далели қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд

Рӯзи 3 декабр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ якчанд далели содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба мақомоти милитсия марди 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми соли 2015 “Абдулло” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 133000-доллари […]



Рӯзи 3 декабр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ якчанд далели содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба мақомоти милитсия марди 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми соли 2015 “Абдулло” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 133000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Зафаробод дастгир карда шуд.

Ҳамин тариқ, марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки номбурда, моҳи августи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ду марди 31-сола даромада, аз онҳо 100000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Дар шаҳри Хуҷанд, инчунин муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Исфара даромада, аз ӯ 750000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Дар шаҳри Душанбе низ ба мақомоти милитсия чанд нафар соҳибкор муроҷиат намудаанд, ки «Бахтиёр» ном шахс ба бовариашон даромада ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифта то ҳол барнагардонидааст. Муайян карда шуд, ки ин қаллоб, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор буда, номбурда дар давоми соли 2015 аз соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 60000-доллари амрикоӣ ва аз марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 200000-доллари амрикоӣ маҳсулотҳои сохтмонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ҳамчунин, гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз марди 47-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе 9000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Гуфта мешавад, нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.