Қатли хоҳари ҳомиладору шавҳари ӯ аз пушти гапу калочаи мардум

Суди вилояти Суғд сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қадриддин Ризоевро барои даст доштан дар қатли хоҳари ҳомиладораш ва шавҳари ӯ ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Додраси суди вилояти Суғд ва раиси мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин парванда Суҳроб Нурализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокин 23-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони […]

Мавлуда Рофиева



Суди вилояти Суғд сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қадриддин Ризоевро барои даст доштан дар қатли хоҳари ҳомиладораш ва шавҳари ӯ ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Додраси суди вилояти Суғд ва раиси мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин парванда Суҳроб Нурализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокин 23-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қадриддин Ризоев дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2, бандҳои «а», «д», «ж» (Куштани ду шахс ё бештар аз он; зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст ва бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок) ва 147, қ. 2, банди «а» (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф шудааст.

Ба қавли ӯ, ин фоҷеа санаи 15 августи соли 2015 ба вуқӯъ пайвастаааст. «Ҳамон рӯз Ризоев субҳи барвақт ба хонаи хоҳараш, Д.Г.-и 22-сола ва шавҳари ӯ Р.Г.-23 сола омада, ба сӯи онҳо аз аз милтиқи шикорӣ тир мепарронад, ки дар натиҷа ҳарду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Он замон хоҳараш дар батнаш тифли 8-моҳа дошт», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар мурофиаи додгоҳӣ маҳкумшуда изҳор доштааст, ки ба содир намудани ин амал ӯро ҳамсояҳо ва сокинони маҳаллӣ водор кардаанд, зеро онҳо ӯро таънаву маломат мекардаанд, ки хоҳараш берун аз қоидаҳои ахлоқу одоб ҳамроҳи ҷавон (шавҳараш) гурехтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.