Пешниҳоди ним млн. доллар пора аз ҷониби собиқ роҳбари УКС-и пойтахт

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидшариф Анваров ва 6 нафар ҳаммаслакони ӯ мутобиқи моддаи 320 Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ҳамроҳ бо Анваров раис ва муовини раиси “Тоҷикколхозсохтмон” – Фазлиддин Маҳмудов ва […]



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ (УКС)-и мақомоти шаҳрдории Душанбе

Саидшариф Анваров

ва 6 нафар ҳаммаслакони ӯ мутобиқи моддаи 320 Кодекси ҷиноии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ҳамроҳ бо Анваров раис ва муовини раиси “Тоҷикколхозсохтмон” – Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов,  роҳбарони корхонаҳои “Жилестрой” – Тоҳирҷон Тағоев, ПМК-278 – Олим Саидов, “Хонасоз-4” – Тоҳирҷон Мирзоҷонов ва “Саманд 2010” – Қосим Фатҳуллозода низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон ба азхудкуниву исрофкорӣ ва изофанависӣ дар сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» айбдор карда мешаванд.

Яке аз айбдоршавандагон – Фирӯз Раҳмонов нимаи моҳи ноябр ҳангоми кӯшиши додани пора ба корманди Агентии зиддифасод дар ҳаҷми 448 ҳазору 700 доллари ИМА аз номи шахсони дар боло зикршуда боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он – ҳудуди 44 млн. сомонӣ ҷудо шудааст.

Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ҷумҳуриявии ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ ахири соли равон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.