Боздошти қочоқбари навбатии афғон дар марз

Шаби 2 ба 3 декабр хизматчиёни ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ дар яке аз қитъахои марзи дастаи сарҳадбонии Хоруғ шаҳрванди 20-солаи вулусволии Шуғнони Афғонистон Амонулло валади Абдуллоро зимни убури ғайриқонунии марз дастгир карданд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин […]

Аваз Юлдошев



Шаби 2 ба 3 декабр хизматчиёни ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ҳамроҳ бо кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ дар яке аз қитъахои марзи дастаи сарҳадбонии Хоруғ шаҳрванди 20-солаи вулусволии Шуғнони Афғонистон Амонулло валади Абдуллоро зимни убури ғайриқонунии марз дастгир карданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз боздоштшуда 6 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати шаҳрванди кишвари ҳамсоя аз рӯи далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.