Алексей Подберезкин, Директори Маркази таҳқиқоти ҳарбӣ сиёсии МГИМО гуфтааст, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки нерӯҳои ДОИШ (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.
Хабаргузории
TojNews
дар ин робита менависад, ӯ дар суҳбат бо телевизиони LifeNews аз хатарҳои ин гурӯҳи террористӣ ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сухан карда, изҳор намудааст, ки “Афғонистон кишваре хоҳад буд, ки ДОИШ онро барои интиқоли нерӯ истифода мебарад ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ майдони нави ҳарбу зарби ин гуруҳи террористӣ хоҳанд буд. Ин метавонад ба кишварҳои дигар ва бо суръати хеле зуд гузарад”.
“Эҳтимоли он зиёд аст, ки ДОИШ ба самти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳаракат кунад. Ман фикр мекунам, ки он ҷо аллакай лагерҳои ҷалби мардум вуҷуд доранд. Ман дар ин бора борҳо гуфтаам. Роҳбарони сиёсии мо маҳз ҳаминро дар назар доштанд вақте мегуфтанд, ки дар Сурия ҷангида мо манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунем ва созмонҳои террористиро, ки ба давлат табдил шудааст, нобуд месозем. ДОИШ ин дар қадами аввал ғояи адолати иҷтимоӣ тибқи қонунҳои ислом аст ва дуюм ин пул аст, сарват аст. Агар бо ин мубориза набарем, пас онҳо дар воқеъ рушд меёбанд ва ба пеш ҳаракат мекунанд”, -иброз доштааст ӯ.
Гуфта мешавад, ин барои аввалин бор нест, ки аз омодагии ДОИШ барои бесуботгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарф зада мешавад. Дар гузашта низ на танҳо таҳлилгарони низомӣ, балки масъулини вазоратҳои қудратии Русия борҳо аз хатари фазоянда аз сӯйи “Давлати исломӣ” ҳушдор додаанд.
Аммо ин коршинос аз хатари ДОИШ ба дигар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба мисли Туркманистону Ӯзбакистон сухан накардааст.
Дар ҳамин ҳол “The Times”, нашрияи бритониёӣ хабар додааст, ки ҷангиёни ДОИШ дар қисмати ҷанубии вилояти Ҷалолободи Афғонистон қисмате аз чаҳор вулусволиро зери тасарруфи худ даровардаанд.



