Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 7 декабр машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масъалаи кӯчонидани масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда, ки ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯ нестанду ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ бунёд шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ғайр аз ин, дар машварат ба масоили истифодаи ин иншооти тарҳашон хушсифату хуб барои бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими робитаи мутақобила бо намояндагони аҳли ҷомеа дар кори ҳимоя аз арзишҳои миллӣ, иҷрои бечуну чарои қарорҳои раиси пойтахт дар бораи кӯчонидан ё истифодаи масҷидҳои ғайриқонунӣ сохташуда ба сифати бунёди дигар иншоот ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо додааст.
Барои пурзӯр кардани тадбирҳои таъмини амният дар шаҳр ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ, раиси пойтахт ба сохторҳои марбута дастур додааст, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидаи видеоиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
М.Убайдуллоев аз рафти амалисозиву риояи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон» норозигӣ изҳор намуда, дастур додааст, ки аз болои иҷрову риояи он дар шаҳр назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад.



