Хуҷанд зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон



Шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд дар назарпурсии расонаи иттилоотии «Ховар», ки барои муайян кардани шаҳри тозатарин, зеботарин ва муосири Тоҷикистон дар соли 2015 миёни хонандагони сомона аз 24-уми ноябр то 7-уми декабри соли равон баргузор шуд, ғолиб омад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо такя ба маълумоти АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад, ҳадафи назарпурсӣ тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ, мусоидат ба муомила, муносибат, муошират ва сатҳи хизматрасонии баланд дар миёни сокинони шаҳрҳои мамлакат  буд. Дар раъйпурсӣ 7 шаҳри калонтарини мамлакат бо шумули пойтахти кишвар Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Норак ва Турсунзода номнавис шуда буданд.

То соати 7-и субҳи 7 декабр дар назарпурсӣ 334 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 40 фоиз шаҳри Хуҷанд, 30 фоиз шаҳри Душанбе, 12 фоиз шаҳри Кӯлоб, 5 фоиз шаҳри Хоруғ, 5 фоиз шаҳри Норак, 4 фоиз шаҳри Қурғонтеппа ва 4 фоиз шаҳри Турсунзодаро зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон дар соли 2015 донистаанд.

Дар назарпурсии сомона бо забони русии АМИТ «Ховар» дар ин хусус 182 нафар ширкат варзида, ба ҷонибдории шаҳри Хуҷанд – 42%, Душанбе – 29%, Кӯлоб – 10%, Норак – 6%, Турсунзода – 5% ва Қӯрғонтеппаву Хоруғ – 4%-ӣ овоз додаанд.

Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои назарсанҷӣ шартӣ ва ғайрирасмӣ буда, танҳо назару андешаи корбарони фаъоли сомонаро ифода мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное