Роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ

Корбарони фаъоли сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон аз заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод намуданд. Дар гурӯҳи Pamir news дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки муштариёни ширкатҳои Tcell ва Beeline, ки хоҳиши кумак кардан ба осебдидагон аз заминларза дар водии Бартангро доранд, тариқи рақами […]



Корбарони фаъоли сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон аз



заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр



дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод намуданд.

Дар гурӯҳи Pamir news дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки муштариёни ширкатҳои Tcell ва Beeline, ки хоҳиши кумак кардан ба осебдидагон аз заминларза дар водии Бартангро доранд, тариқи рақами 5005 ба Tcell ва рақами 5555 ба Beeline смс -паёмак ирсол карда метавонанд.

Арзиши як SMS-паёмак 5 сомонӣ аст. Масалан, агар Шумо 50 сомонӣ маблағ кумак карданӣ бошед, пас 10 адад SMS ирсол менамоед.

Ҳамчунин барои ҷамъоварии кумаки башардӯстона ба осебидагон аз ин офат нуқтаҳои қабул ташкил шудааст, ки кӯрпаву кампал, сарулибоси гарм ва дигар асбобу лавозимоти зарурии дигари рӯзгорро метавон ба ин нуқтаҳо супурд.

Гуфта мешавад, кумакро метавон ба дафтарҳои кории ширкати Beeline бо суроғаҳои зерин овард:


– кӯчаи Н.Махсум 72/9 (назди Маркази савдои «Саодат»);


– кӯчаи Н.Қарабоев 110 (рӯбарӯи бозори «Саховат», Дом Гарант);


– хиёбони Рӯдакӣ 95 (рӯбарӯи чойхонаи «Роҳат»).

Зимнан зикр мегардад, ки барои осебдидагон аз заминларза дар водии Бартанг ҳамчунин дар шуъбаи «Амонатбонк» дар Рӯшон таҳти рақами

20202972600050571000 БИК 350101626 Корсчет 20402972316264 ИНН 720002556

суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо ва  ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласа баргузор гардида, дар он масъалаҳои кӯмак расонидан ба зарардидагони офати табиӣ дар ВСКБ ва бартараф намудани оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз кушодани суратҳисоби махсус ба зарардидагони заминларзаи рӯзи 7-уми декабр ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки ба суратҳисоб маблағҳои муайян гузаронанд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони милитсия аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ бо мардуми мавзеъҳои зарардида дар робитаи зич қарор дошта, дар бартараф намудани оқибатҳои заминларза онҳоро кӯмаку дастгирӣ менамоянд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ягона

роҳи мошингард миёни маркази ноҳияи Рӯшон ва водии Бартанги ВМКБ

, ки аз заминларза аз ҳама бештар зарар дид, бар асари фаромадани сангу кӯҳпораҳои зиёд баста боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин, чархболҳои Вазорати мудофиаи 

бо дастури президент барои кумак сафарбаршуда

 низ ба далели номусоидии обуҳаво аз маркази ноҳияи Рӯшон ба водии Бартанг парвоз карда наметавонанд.

Ёдрас мекунем, ки 

дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ

 зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд.  Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд. Бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.