Омӯзиши саҳифаҳои интернетии довталабони гирифтани раводиди вуруд ба ИМА

Кормандони шуъбаҳои консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саҳифаҳои афроди довталаб ба гирифтани раводиди вуруд ба ин кишварро дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Намояндаи департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби ба хабаргузории РБК дар ин робита изҳор доштааст, ки чунин санҷиш куллӣ набуда, интихобӣ сурат мегирад. «Ин куллан ҳама ҳолатҳоро дар бар намегирад. Ҳар як […]

ASIA-Plus



Кормандони шуъбаҳои консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саҳифаҳои афроди довталаб ба гирифтани раводиди вуруд ба ин кишварро дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Намояндаи департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби ба хабаргузории РБК дар ин робита изҳор доштааст, ки чунин санҷиш куллӣ набуда, интихобӣ сурат мегирад. «Ин куллан ҳама ҳолатҳоро дар бар намегирад. Ҳар як ҳолат инифродӣ баррасӣ мешавад», – гуфтааст номбурда.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додаст, ки пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Сан-Бернардино (иёлати Калифорния), департаменти давлатӣ сиёсатихудро нисбати азназаргузаронии саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозбинӣ кардааст.

Таври маълум дар ин ҳодиса Ризвон Фаррух ва ҳамсари ӯ Ташфин Малик 14 нафарро кушта, 21 нафари дигарро захмӣ карданд. Малик соли 2014 таври қонунӣ ба ИМА омада, дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба садоқат ба гурӯҳи Давлати исломӣ савганд ёд карда будааст.

Пас аз ин фоҷеа президенти ИМА Барак Обама аз департаменти амнияти миллӣ ва департаменти давлатӣ дархост намуд, ки барномаи «раводиди ҳамсарон» бозбинӣ шавад. Оилаи Ризвон Фаррух ва Ташфин Малик маҳз аз ҳамин барнома истифода карда буданд.

Ба ҷуз ин тадбир, санаи 9 декабр палатаи намоянагони конгресси ИМА бо аксари кулли овозҳо лоиҳаи қонун дар бораи шадидтар шудани вуруд ба ИМА-ро пазируфт. Дар сурати қабул шудани он, назорат аз болои вуруди шаҳрвандони 38 кишвар, ки ба боздид аз ИМА бидуни гирифтани раводид ҳуқуқ доранд, пурзӯр карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.