Сардорони БДА ВМКБ ва шаҳри Хоруғ аз мансаб барканор шуданд

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода имрӯз, 15 декабр ҷаласа оператвӣ доир намуда, дар он масоили пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба тартиб даровардани ва танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир аз риоя нашудани қоидаҳои маъмулии ҳаракат […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода имрӯз, 15 декабр ҷаласа оператвӣ доир намуда, дар он масоили пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба тартиб даровардани ва танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир аз риоя нашудани қоидаҳои маъмулии ҳаракат дар роҳ аз ҷониб ронандагон дар назди бозори шаҳри Хоруғ норозигӣ изҳор кард, ки ин ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад ва аз масъулин қатъӣ талаб кард, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ як қатор масъулин барои роҳ додан ба камбудиҳо ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд. Аз он ҷумла, ба сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ва муовинонаш «Огоҳӣ» дода шуда ва барои бартараф кардани камбудиҳо ба онҳо як моҳ мӯҳлат дода шуд.

Сардори БДА РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Кенҷазода Тоҳир ва сардори ШБДА-и шаҳри Хоруғ майори милитсия Изатшои Шукурбек аз вазифа озод карда шуда, ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ  подполковники милитсия Дарвешов Гайдар ва сардори шӯъбачаи назорати техникӣ «Танбеҳ» эълон карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.