Муҳоҷири тоҷик тифли партофташуда дар Петербургро наҷот дод



Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург кӯчаруби маҳаллӣ тифли навзоди ҳамагӣ чанд рӯз қабл таваллудшударо наҷот дод.

Бино ба иттилои

ВАО

-и Русия, ин тифли навзоди тақрибан 3-4-рӯзаро, ки бо латта печонида шуда, дар рӯи асфалт гузошта буданд, нимаи дуюми рӯзи 14 декабр кӯчарӯби маҳаллӣ, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон дарёфт кардааст.

Ӯ тифлро ба Хонаи кӯдакони №4, воқеъ дар хонаи наздики ин ҷо бурда, сипас кӯдакро ба бемористони шахрии №17мефиристанд.

Тибқи маълумоти пешакии табибон, тифл солим буда, 3-4-рӯза аст. Симои зоҳирии ӯро табибон «осиёӣ» арзёбӣ намудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное