Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 20 декабр ба шаҳри Маскав сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар кори иҷлосияи мазкур дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин дар назар аст.
Дар нишасти СААД сарони кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур баррасии масоили калидии таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, муқовимати пурсамар ба тероризми байнулмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони иҷлосия ба нақша гирифта шудааст.



