Сафири Украина оид ба таъсири «таблиғоти шабакаҳои маълум» ба тоҷикон



Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк имрӯз зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе изҳор намуд, ки кишвараш аз комилан истифода нашудани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар соли равон ҷудошуда нигарон аст, зеро аз 20 квотаи буҷетии мисли солҳои пешин ҷудошуда на ҳамааш истифода шудааст.

Сабаби даст кашидани донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар Украинаро ӯ ба «тарғиботи иттилоотии шабакаҳои маълум» нисбат медиҳад. «Дар маҷмӯъ таассуроти ман чунин аст, ки аксари мардум дар Тоҷикистон вазъ дар Украинаро воқеъбинона арзёбӣ мекунанд, вале ба ҳар ҳол, нафароне низ қурбони маълумоти носаҳеҳ ва тарғибот мегарданд, ки аз шабакаҳои маълум садо медиҳанд. Сабаб дар ҳамин аст», – иброз дошт ӯ.

Ба андешаи сафир, барои ба маълумоти воқеъбинона дар бораи Украина дастрасӣ ёфтани ҷомеаи Тоҷикистон, ташкили сафари журналистони тоҷик ба Украина зарур аст. «Сарфи назар аз вазъи мушкили имрӯза, ки ҳамаи шумо аз он хуб огаҳед, донишҷӯёни тоҷик интихоби Украинаро барои таҳсил идома медиҳанд», – қайд кард дипломат.

Сафир ҳамчунин зикр кард, ки зимни таҳсил ба донишҷӯёни тоҷик «ихтисосҳои мароқовару техникии зарур барои иқтисоди Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Ӯ қайд кард, ки соли 2015 барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Депропетровск, Одесса, Кривой Рог ва Харков квотаҳо ҷудо шуда буданд.

Ба гуфтаи сафир, айни замон дар макотиби олии Украина беш аз 400 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. «Украина ба мисли Тоҷикистон меҳмонннавоз буда, он ҷо бо дӯстони тоҷики мо муносибати хуб доранд. Бо истифода аз фурсати қулай, бори дигар донишҷӯёни тоҷикро ба мактабҳои олии кишварам даъват мекунам», – афзуд ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное