Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty international ё Афви Байналмилал гузориш додааст, ки ҳади ақал 200 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҳавоии Русия дар Сурия кушта шудаанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз 30-юми сентябри соли ҷорӣ инҷониб бо ҳимоят аз режими Башор Асад, дар хоки Сурия шурӯъ шуд. Маскав эълон дошта буд, ки дар ин ҳамалот гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои террористиро мавриди ҳамла қарор медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузории
TojNews
, Созмони афви байналмилал гуфтааст, ки дар мавриди ҳамалоти Русия дар шаҳрҳои Ҳумс, Ҳама, Идлиб, Лозақия ва Ҳалаб таҳқиқ кардааст. Ба гузориши ин созмон, ки расонаҳои ғарбӣ хабар доданд, ки “телефонӣ бо 16 шоҳиди айнии ҳамлаҳо, аз ҷумла бо пизишкон ва фаъолони ҳуқуқи башар” суҳбат кардаанд. Инчунин, ин созмон мегӯяд, ки дар асноди савтӣ ва тасвирие дар ихтиёр доранд, ки марбут ба ҳамлаҳои ҳавоии Русия мебошад. Гузориши худро бо кумак ва мусоидати коршиносони ҳарбӣ таҳия кардаанд.
Дар гузориши мазкур аз ҳодисаҳои мушаххас низ ҳарф зада мешавад. Афви байналмилалт ба гунаи намуна аз ҳамлаи ҳавоии Русия дар 29-уми ноябр ҳарф задааст, ки бар асари бархурди се мушаки русӣ ба як бозор дар Ариҳо, устоне дар Идлиб 49 ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захм бардоштаанд. Шоҳидон гуфтаанд, ки ин дар ин минтақа ҳеч ҳадафи низомие вуҷуд надоштааст.
Дар гузориш Русия ба “ҷиноёти ҳарбӣ” муттаҳам мешавад, ки аз мушакҳои идоранашаванда дар макони серҷамъият истифода кардааст.
Русия то ҳол нисбат ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин, Маскав чунин гузоришҳоро таблиғоте алайҳи амалиёти Русия дар Сурия маънидод мекард.





