Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар пойтахти Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз мегарданд, ки нахустин вохӯрӣ миёни намояндагони кишварҳо дар чунин сатҳ аст; – Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он 6 созишнома аз рӯи лоиҳаи CASA-1000 тасдиқ мешаванд; – Дар кинотеатри «Зебуннисо» дар доираи […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар пойтахти Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз мегарданд, ки нахустин вохӯрӣ миёни намояндагони кишварҳо дар чунин сатҳ аст;

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он 6 созишнома аз рӯи лоиҳаи CASA-1000 тасдиқ мешаванд;

– Дар кинотеатри «Зебуннисо» дар доираи Рӯзҳои кинои эронӣ дар Тоҷикистон намоиши филми коргардони эронӣ Мозиёри Мирӣ «Ҳавзаи наққошӣ» барпо мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.9212

сомонӣ;


1

евро –

7.5586

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.102


7



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1962

– Агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.


1932

– Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ба итмом расид.


2001

— Зимни гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои гуногуни Ӯзбекистон дар Тошканд 12 созишнома дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода шуданд.


2008

— Ба муносибати 100-солагии олими маъруфи тоҷик, муаррих, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана ва конфронси илмӣ доир гардид.


1934

– Зодрӯзи олим Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов.


1942

– Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷурабек Муродов.


1943

– Зодрӯзи забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова.


1957

– Мавлуди доктори улуми бахши байторӣ, профессор Иззатулло Сатторӣ.


1961

– Зодрӯзи журналист Набӣ Набизод.


1962

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -22-27, рӯзона -8-13.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.