Ш.Мирзо: Тоҷикистон амалиёти Русия дар Сурияро дастгирӣ мекунад

Зимни мулоқоти вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки  рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Маскав доир гардид, Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ Русия ва Тоҷикистон бо хатарҳои иловагӣ дучор шуданд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ медиҳад. «Моро баррасии як қатор масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи дар навбати […]



Зимни мулоқоти вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки  рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Маскав доир гардид, Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ Русия ва Тоҷикистон бо хатарҳои иловагӣ дучор шуданд. Дар ин бора хабаргузории


«Интерфакс»


иттилоъ медиҳад.

«Моро баррасии як қатор масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи дар навбати аввали марбут ба муташанниҷ шудани вазъ дар минтақа ва қабл ҳама вобаста ба самти Афғонистон зарур аст», – иброз доштааст вазири мудофиаи Русия.

Ба андешаи С.Шойгу, вазъ дар ин минтақаи амнияти дастаҷамъӣ «мутаассифона, рӯ ба беҳбудӣ намениҳад». «Ҳама омилҳо мавҷуданд, то мо бо итминон бигӯем, ки дар он ҷо воҳидҳои ДИИШ пайдо шудаанд ва илова бар ин, барои мо хатару таҳдидҳои иловагӣ ба вуҷуд омаданд. Мо гуфта дар ин ҳолат иттифоқчиён дар Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъиро дар назар дорам», – қайд кардааст С.Шойгу.

Сергей Шойгу таъкид доштааст, ки Вазорати мудофиаи Русия «тамоми нақшаҳои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳ ва таҷҳизонидани онҳо, тадбирҳои тақвияти пойгоҳи низомии Русия ҳам дар самти авиатсмонӣ ва ҳам дар дигар самтҳоро иҷро мекунад».

Вазири мудофиаи Русия изҳори итминон кардааст, ки ҳамаи ин талошу тадбирҳо «ба таври назаррас ба суботи умумӣ дар минтақа мусоидат мекунанд».

Дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зикр кардааст, ки тарҳи ҳамкории низомии Тоҷикистону Русия хеле доманадору пурмуҳтаво аст. Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон амалиёти зиддитеррористии Русия дар Сурияро дастгирӣ мекунад. «Мо бо шумо ҳамраъйем», – гуфтааст генерал.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.