Tcell: Мо танҳо интернет-трафик пешниҳод кардем

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар як қатор васоити ахбори умум маълумот дода шуд, ки гӯё Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора дар раддияи интишоршудаи ширкати Tcell иттилоъ дода мешавад. «Тирамоҳи ҳамин сол бо хоҳиши роҳбари ситоди пешгирии пайвастани шаҳрвандони ҶТ […]



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар як қатор васоити ахбори умум маълумот дода шуд, ки гӯё Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад. Дар ин бора дар раддияи интишоршудаи ширкати Tcell иттилоъ дода мешавад.

«Тирамоҳи ҳамин сол бо хоҳиши роҳбари ситоди пешгирии пайвастани шаҳрвандони ҶТ ба сафҳои созмонҳои террористӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо терроризм ва ифротгароӣ ба онҳо интернет-трафики кӯтоҳмуҳлат ҷудо карда шуд. Дар робита ба пешниҳод ё насби кадом як навъи дастгоҳи назорати мухобиротӣ ё дигар таҷҳизоти махсус Прокуратураи генералӣ ба ширкат муроҷиат накардааст. Прокуратураи генералӣ ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагидории ширкати Tcell дахолат накардааст», – гуфта мешавад дар иттилои ширкати оператори мобилӣ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар сомонаи ширкати TeliaSonera-и Шветсия ва Финландия

иттилоияи расмии ширкат интишор шуда

, дар он зикр гардида буд, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст.

Дар 

хабар

 қайд мешавад, ки ин дархости худро мақомоти Тоҷикистон ба дастгирии техникии сохторҳои давлатии машғул ба тафтиши рӯйдодҳои ошӯби мусаллаҳона ва ҳамчунин таҳқиқи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ содир шудаанд, нисбат додаанд.

Аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳо аз ин маълумот огаҳии хуб надошта, пас аз омӯзиши он шарҳи расмӣ пешниҳод мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.